- дег
- [ديگ]зарфи филизӣ, ки дар он асосан таом мепазанд: деги мис; деги манту, деги чӯян, деги якманӣ; деги буғ тех. дег барои ҳосил кардани буғ ва оби гарм; дегу табақ а) асбобу анҷоми ошпазхона (аз қабили дег, табақ, коса, кафлес ва ғ.) зарфҳо, чизу чораи таомпазӣ ва хӯрокхӯрӣ; б) маҷ. корҳои оид ба пухтупаз, таомпазӣ; дег рехтан сохтани дег ба тарзи рехтагарӣ (мас., аз чӯян); деги касе ҷӯшидан (аз паси чизе) аз ҳисоби чизе ё касе рӯз гузаронидан; аз деги касе равғанӣ шудани нони касе аз ҳисоби касе хуш гузаштани рӯзи касе; ба деги ғазаби касе оби сард рехтан хашму ғазаби касеро фурӯ нишондан; бо касе як будани дегу табақи касе як будани рӯзгори ду оила, якҷоя зиндагонӣ доштани оилае бо оилаи дигар, ҳамхарҷ будан; деги ғайбат дар ҷӯш будан ғайбат авҷ гирифтан; он чи дар дег аст, ба кафлес меояд (зарб.) агар дар бисот бошад, ба рӯй мебарояд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.